ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии нави ҷаҳонии футзал дар ҷои 53-юм қарор гирифт.
Дар ин бора Ассотсиатсияи байналмилалии футзал гузориш медиҳад.
Бар асоси ин нишондод, мунтахаби кишвар як зинаро аз даст додааст. Ҳоло яккачини кишвар бо 978 хол дар ин мавқеъ қарор гирифтааст.
Ҷойгоҳи футзалбозони тоҷик дар феҳристи Осиё низ ҷолиб аст. Миёни дастаҳои беҳтарин дар ин радабандӣ тими миллӣ дар зинаи 12-ум қарор дорад.
Панҷгонаи беҳтарини Осиё - Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон, Тайланд ва Австралия. Пас аз он Индонезия, Ветнам, Ироқ, Қирғизистон ва Кувайт қарор доранд.
Қаҳрамонони тозатаъини Осиё – тими Ҷопон – дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷойи 13-ум, финалисти ин мусобиқа – Эрон – 7-ум, барандаи медали биринҷӣ – мунтахаби Ӯзбекистон – 21-ум, Тайланд – 24-ум мебошанд.
Дар даҳгонаи беҳтарини раддабандӣ: Бразилия, Испания, Португалия, Русия, Аргентина, Қазоқистон, Эрон, Марокаш, Италия ва Украина.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Кувайт қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2022 ба анҷом расида, барандаи ин мусобиқа тими Ҷопон шуд, ки тавонист Эронро бо ҳисоби 3:2 шикаст диҳад.
Ба ин тартиб, ҷопониҳо барои бори чаҳорум дар таърихи худ қаҳрамони Осиё шуданд ва аз эрониҳо барои шикасти худ дар сабқати охирин қасос гирифтанд.
Тими миллии Эрон аз 16 пирӯзии имконпазир дар даври ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ 12 пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозӣ барои ҷои 3-юм Ӯзбекистон бар Тайланд бо ҳисоби 8:2 пирӯз шуда, барои бори дуввум паиҳам медалҳои биринҷӣ ба даст овард.
Дар маҷмуъ 16 дастаи мунтахаби кишвар барои дарёфти унвони дастаи пурқуввати қитъа мубориза бурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионат ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуд. Он дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрд. Футзалбозон дар даври 1/4 финали мусобиқот аз тими Тайланд (2:3) шикаст хӯрданд.