ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.
КҲФ бо такя ба пешгӯии обуҳаво сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид то 27 октябри соли 2022 пешгӯӣ мешавад.
Боришоти шадид дар шакли борон дар саросари кишвар на танҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ, балки дар водиҳо низ оғоз мешавад.
Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 1500 м) ин борон ба барфи тар табдил мешавад.
Ғайра аз ин дамои ҳаво дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ сард мешавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад,ки ҳавои сарду борону барф метавонад боиси ях бастан ва ё талафи ҳосили кишварзии онҳо шавад.
Аз ин рӯ, Кумита ёдовар мешавад, ки сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда ва пӯшидани ҳосили норасида дар саҳро гарави аслии ба талафоти зироат роҳ надодан аст.
Ин ниҳод ҳамзамон аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар эҳтиёткор бошанд. Ҳавои сарду боронӣ метавонад ба гардишу ҳаракати мошини шумо мушкил эҷод кунад. Аз ин рӯ, қабл аз сафар мошинҳои худро ҷиддан аз назар гузаронед.
Кумита тавсия медиҳад, ки ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд.
Аз касоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, дархост мешавад, ки хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳагиз маслиҳат нест, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд.