ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Камолзода Фирӯз Анваралӣ узви ҳайати мушовараи ин ниҳод таъйин шудаст.
Фармон дар ин бораро ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Бар асоси ин санад, ҳамчунин Баҳромзода Баҳром Раҳмон - сардори раёсати таҳлили иттилоот ва омори ожонси мазкур низ узви нави ҳайати мушовараи Агентии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Нафари нави сеюм дар ҳайати мушовараи агентӣ, Раҷабзода Саидмумин Раҷаб мебошад, ки роҳбарии шуъбаи ташкили кору назорат дар ин ниҳодро ба уҳда дорад.
Бо фармони президент, Ғанизода Холмурод Сафар, Муҳаммадзода Ҷамолиддин Муҳаммад ва Додоҷонзода Умедҷон Муҳиддин аз ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.
Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки ахиран ба қонун "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон" тағйирот ворид карда шуда, бархе сохторҳои он ба далели такрор лағв гардиданд.
Аз ҷумла аз сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се сарраёсат берун карда шуданд.
Зимни шарҳи ин тағйирот дар парлумон гуфта шуд, ки ин иқдом бо мақсади таҷдиди сохтор ва бартараф намудани монеаҳо дар татбиқи шаффофи фаъолияти мақомот роҳандозӣ гардидааст.