Дар Душанбе ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ барои мутахассисон ҷойҳои корӣ бо маоши аз 2850 то 6500 сомонӣ пешниҳод гардидааст.
Ин ярмарка бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ташкил шудааст.
Бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурт, дар умум беш аз 40 ширкате буданд, ки дар ин ярмарка ширкат карда барои худ кормандони зарурияшонро пайдо карданд.
Раиси бонки "Арванд" Содиқова Шоира, ки барои дарёфти корманд омада буд, мегӯяд ташкили чунин як чорабиниҳо барои ҳам корхонаҳо ва инчунин корҷӯён зарурист.
"Пеш аз ҳама барои ҷавонон дарёфти кори сазовор осон нест, аз ин лиҳоз мо хостем ин дар як майдон гирд оем ва чорабинӣ як кумак ба ҷавонон ва занон гардад то шуғли дилхоҳашонро пайдо кунанд", -афзуд манбаъ.