Президент дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин майдони бунёдкардаи соҳибкоронро кушод - акс

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддинни Шоҳин бо вазъи зиндагии сокинон, истифодаи мақсадноки замин ва ҷамъоварии ҳосил шинос мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҳадафи ин сафари Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот мебошад.
Таъкид шудааст, ки шиносоӣ бо ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин аз ҳадафҳои дигари боздид аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мебошанд.
Дар оғози боздид, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсддини Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон бунёд карда шудаст.
Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.
Даҳҳо қарори раисон дар Хатлон ғайриқонунӣ хонда шуданд
Зерсутунҳои нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои мармари сафед оро дода шуда, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву нишони давлатӣ баҳои баланд дод.