ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Размикори русиягӣ, Ислом Махачев қаҳрамони нави UFC дар вазни сабук гардид.
Махачев дар сабқати ахир, ки дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор шуда буд, дар даври дуюм бар размикори бразилиягӣ Чарлз Оливейро пирӯз омад.
Аз аввалинҳо шуда ба майдон размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадов ворид гардида, Махачевро бо қаҳрамонияш шодбош гуфт.
Нурмуҳаммадов, ки худаш ягон шикаст надораду ҳамчун қаҳрамон аз қатъи фаъолияти варзишияш ба ҳайси размикор хабар дод, Махачевро беҳтари варзишкори ин ришта номид.
Президенти UFC, Дана Уайт бо истиқбол аз пирӯзии Махачев изҳор дошт, ки шикаст додани Оливейро дар шеваи муборизае, ки худаш истифода мебарад, ба ин зудӣ чизи ғайриимкон ба назар мерасад.
Феълан Махачеви 31-сола дар 22 зӯрозмоии касбӣ пирӯз гардида, ҳамагӣ 1 бохт дорад. Қабл аз сабқат Чарлз Оливейро дар нишасти матбуотӣ эълон карда буд, ки Махачевро арзандаи сабқати қаҳрамонӣ намеҳисобад, чун ягон пирӯзӣ бар размикори саршиносро дар вақтҳои охир надорад.
Махачев дар посух изҳор дошт, ки худи Оливейро ҳам дар айни чунин ҳолат қарор дошту то расидан ба қаҳрамонӣ пирӯзии ҷиддие надошт. Размикори русиягӣ ваъда дод, ки рақиби бразилиягияшро шикаст хоҳад дод ва онро иҷро кард.