Ҷамъбасти 20 рӯзи даъвати наваскарон: Вазорати мудофиа гуфт, чанд фоизи нақша иҷро шуд

Аз аввали октябр дар Тоҷикистон даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллуди 1995-2004 ба артиш идома дошта, 20 шаҳру навоҳӣ нақшаро пурра иҷро намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати наваскарон комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иҷрои нақшаро ба 62% баробар намуданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод. Ин нишондод дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр ҳудуди 50%-ро ташкил дод.
Вазорат ҳамчунин иҷрои нақшаро дар таносуби минтақаҳо тавзеҳ додаст. Зикр гардидаст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳим, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Иҷрои нақшаи даъвати наваскарон дар шаҳри Душанбе ба 67% баробар гардидааст. Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, иҷрои нақшаро ба 70% баробар намудаанд.
Бе "облава" ва даъвати бештари писарони мансабдорон: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозони ояндаи кишвар дар вилояти Хатлон муодили 63%-и нақша гардидааст. Комиссияҳои даъватии дар вилояти Суғд аз иҷрои 50%-и нақша ҳисобот додаанд.
"Умуман, аз санаи 1 то 20-уми октябри соли 2022 дар маҷмӯъ зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 100% иҷро намудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ зикр намуд, ки аз 1-уми октябри соли равон, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.