Шералӣ Мирзо таҳдидҳои аслии ношӣ аз Афғонистон гуфт

Раҳбари Вазорати дифои Тоҷикистон дар ҷамъбасти машқҳои СПАД, ки дар тамрингоҳи ҷанубии ҷумҳурӣ баргузор шуд, суханронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қарор дошт.
Дар ин бора Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар поёни тамринҳои СПАД изҳор дошт.
"Ин машқҳо марҳалаи ниҳоии маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омодагии оперативӣ ва ҷангӣ гардиданд, ки соли равон дар доираи СПАД гузаронида шуданд", - хулоса кард вазири дифои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, ҳаводиси марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ҳамеша бо мизони баланди таҳдид хос буда, барои амнияти тамоми кишварҳои узви СПАД хатари воқеӣ дорад.
Вай афзуд, ахиран вазъ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви СПАД тағийроти шадид ба амал омадааст.
Сарҳади Тоҷикистон дар амн аст: видеои ҷолиби размоиши СПАД дар сарҳад бо Афғонистон
"Дар он ҷо афзоиши ихтилофоти қавмиву конфессиявӣ, афзоиши ҷиноят, терроризм, ифротгароӣ ва ҳамчунин афзоиши қобили мулоҳизаи хатари фалокати башардӯстона ва иҷтимоӣ мушоҳида мешавад", - гуфт Шералӣ Мирзо.
Вай таъкид кард, ки равандҳое, ки дар қаламрави ҳамсоякишвар ҷараён доранд, барои табдили он ба макони радикализми динӣ ва терроризм заминаи мусоид фароҳам меорад.
"Афзоиши шароити даргир, чолишҳо ва таҳдидҳои ифротгароии терроризм ва радикализми динӣ, хатари якбора ва ғайричашмдошт тезутунд шудани вазъ дар бисёр минтақаҳо мушоҳида мешавад", - таъкид кард ӯ.