Изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар бораи ташдиди сиёсати муҳоҷират дар кишвар бо хоҳиши маҳдуд кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Федератсияи Русия меоянд, ба вуҷуд наомадааст.
Дар ин бора ҳуқуқшиноси муҳоҷират Насим Абдуллоев изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики стратегӣ ва дӯстони Русия ҳастанд.
"Ман фикр мекунам, ки ин изҳорот маҳз бо зарурати маҳдуд кардани ин муҳоҷирони корӣ асоснок нашудааст", - гуфт Абдуллоев.
Коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қонунҳои ҷорӣ дар ин заминаро аз дидгоҳи назария идеалӣ медонад, аммо дар амал кор намекунад.
"Ҳамон қонунҳое, ки будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва гирифтани патентро танзим мекунанд, хеле хуб таҳия шудаанд, аммо дар амал онҳо суст кор мекунанд", - таъкид кард ҳуқуқшинос.
Ёдовар мешавем, ки Патрушев зимни ҷаласаи Шӯрои амният дар бораи пурзӯр кардани назорати муҳоҷират дар Федератсияи Русия то охири соли 2022 хабар дода буд.
Вай таъкид кард, ки ба қонунгузорӣ ислоҳот ворид карда, масъулияти хориҷиёнро барои қонуншиканӣ сахттар бояд кард. Ғайр аз ин, барои таъмини тартиботи қонунӣ дар ҷойҳои истиқомати муҳоҷирон тадбирҳо пешбинӣ шудаанд.