Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад

Раиси КДАМ Қирғизистон ба мансабдорон дастур дод, ки "изҳороти беэҳтиётона, ки ба ташдиди вазъ дар марз" бо Тоҷикистон мусоидат мекунанд, надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон ба сулҳу субот ниёз доранд. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳор дошт.
"Тамоми масъалаҳои мушкил дар сарҳад ва минтақаҳои наздимарзӣ бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ, сари мизи гуфтушунид ҳал шаванд", - таъкид кард ӯ дар мулоқот бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ниҳодзҳои давлатии вилояти Бодканд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, кишварҳо низ ба рушди устувор ниёз доранд.
Дар ин дидор Тошиев дар назди раҳбарияти вилояти Бодканд ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо ҷониби Тоҷикистон вазифаҳо гузошт.
Илова бар ин, мавсуф зарурати татбиқи чораҳои ҳамаҷониба барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирии низоъ дар марз бо ҷумҳурии ҳамсояро қайд кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ ҶТ: мансабдорони Қирғизистон вазъ дар марзро тезутунд мекунанд
"Масъалаи марзӣ ба манофеи ду кишвар дахл дорад, аз ин лиҳоз, ҳам мансабдорони рутбаҳои гуногун ва ҳам шаҳрвандони оддӣ набояд изҳороти бепоя, ки ба ташдиди вазъ мусоидат кунанд, баён кунанд", - гуфт Тошиев.
Раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии Бодканд барои риоя накардани қарорҳои қабулшуда шахсан ҷавобгар хоҳанд буд, гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тошиевро дар Тоҷикистон барои изҳоротҳои тундаш мешиносанд, ки бештари вақт аз забони зӯр гап мезад, аммо гуфтаҳои ахираш мулоим ва даъват ба сулҳ аст.
Ошкори беш аз 20 амали иғвоангез аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон
Қаблан Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷониби Қирғизистонро ба риоя накардани тавофуқоти қаблан ҳосилшуда ва барангехтани низоъ дар марз муттаҳам карда буд.
Ба гуфтаи намояндагони ин идора, амали мақомоти кишвари ҳамсоя мухолифи изҳороти онҳост.