ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дастаи таъйиноти махсуси "Ахмат" кушиши ҳуҷуми низомиёни Украинаро бомуваффақият боздошт. Дар ин бора раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар "Telegram" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош кардаанд, ба яке аз манотиқи таҳти контроли "Ахмат" ҳамла кунанд. Сарвари Чеченистон макони дақиқи бархӯрдро ном набурд.
"Душман кӯшиши нобарори рахна кардани хатти дифоъро анҷом дод. Аммо дере нагузашта посухи ҷанговарони моро гирифтанд", - изҳор дошт Қодиров.
Нерӯҳои вижа дарҳол ба артиши Украина ҳамла карданд ва бо он вориди набарди шадид шуданд. Таъкид шуд, ки аз ин даргирӣ ҷанговарони "Ахмат" пирӯз баромадаанд.
Тавзеҳ дода шудаст, ки дар баробари нерӯи зиндаи артиши Украина инчунин тонку мошини ҷангии пиёдагардон низ нобуд карда шудаст.
Дар мавриди шарҳи вазъи феълии ҷабҳо Қодиров афзуд, ки воҳиди низомӣ ҳоло "вазъро қотеона таҳти назорат доранд".
Сарвари Чеченистон дар пасманзари изҳороти худ навореро низ нашр кард, ки дар он низомиён аз ҷойи ҳодиса дар бораи набардҳои ахир сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина тавонистаанд фирор кунанд.
Ҷанговарони "Ахмат" таъкид мекунанд, ки хатти ҷабҳаро нигоҳ хоҳанд дошт ва сипас дар навор навор таҷҳизоти шикастаи Украинаро намоиш медиҳанд.