ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар ҷануби Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии размоиши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Сарҳад-2022" оғоз шуд.
Бар асоси барномаи размоиш ҳудуди 600 террористи шартии мусаллаҳ бо ҷиҳодмобилҳои муҷаҳҳаз бо маводи тарканда аз Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, ба Тоҷикистон ҳамла намудаанд, навиштааст РИА "Новости".
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ба ривояти тамринот, ҷангҷӯён қасди муҳосираи ҷануби Тоҷикистону бо расидани воҳидҳои бузургтари ғайриқонунӣ баромадан ба Душанберо дар нақша доранд.
Дар зимн таъкид шудааст, ки аллакай таҷовузгарон сокинони 2 деҳаи баландкуҳро гаравгон гирифтаанд.
Илова гардид, ки дар пайи ин ҳодиса марзбонон аз Ситоди муштараки СААД кумак хостаанду нерӯҳои зудамали созмон ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳою артиллерия вориди амал шудаанд.
Низомиён ҳадафи пешашон гузоштаро барои бозгардонии ҳамлаи террористҳою нобудсозии онҳо ва ҳамчунин озод намудани гаравгонҳо иҷро кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар размоиши "Сарҳад-2022", ки марҳилаи фаъоли он аз 17 то 21 октябр сурат гирифт, ҳудуди 1 ҳазор низомию 300 техника ҷалб шудаанд.
Ҳадаф аз ин машқҳо омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД таҷовуз кардаанд, арзёбӣ шудаст.