Амалиёт аз замину ҳаво: марҳилаи ниҳоии размоиши СПАД дар Тоҷикистон-видео

Бар асоси барномаи размоиш гуруҳи террористҳо бо ҷиҳодмобилҳо бо ҳамла ба ҷануби Тоҷикистон хостаанд роҳи вуруд ба Душанберо таъмин намоянд
Sputnik
Дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар ҷануби Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии размоиши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони "Сарҳад-2022" доир шуд.
Бар асоси барномаи размоиш ҳудуди 600 террористи шартии мусаллаҳ бо ҷиҳодмобилҳои муҷаҳҳаз бо маводи тарканда аз Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, ба Тоҷикистон ҳамла намудаанд, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Номбурда тавзеҳ дод, ки ба ривояти тамринот, ҷангҷӯён қасди муҳосираи ҷануби Тоҷикистону бо расидани воҳидҳои бузургтари ғайриқонунӣ баромадан ба Душанберо дар нақша доранд.
Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?
Илова гардид, ки дар пайи ин ҳодиса марзбонон аз Ситоди муштараки СААД кумак хостаанду нерӯҳои зудамали созмон ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳою артиллерия вориди амал шудаанд.
Низомиён ҳадафи пешашон гузоштаро барои бозгардонии ҳамлаи террористҳою нобудсозии онҳо ва ҳамчунин озод намудани гаравгонҳо иҷро кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар размоиши "Сарҳад-2022", ки марҳилаи фаъоли он аз 17 то 21 октябр сурат гирифт, ҳудуди 1 ҳазор низомию 300 техника ҷалб шудаанд.
Ҳадаф аз ин машқҳо омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД таҷовуз кардаанд, арзёбӣ шудаст.
* - Созмонҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.