ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Эрон дар 8 моҳи соли равон беш аз 143 млн доллари амрикоиро ташкил додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли пешӣ ҳудуди 96 млн доллар ва ё 3 баробар зиёд аст.
Ин нукта дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо муовини вазири шаҳрсозӣ ва нақлиёти Эрон Шаҳриёр Афандизода баён шуд.
Ба иттилои Взаорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Абдураҳмонзода дар ин мулоқот изҳор доштаст, ки ба далели сиёсати роҳбарияти ду кишвар робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста аз сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ байни ду давлат имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.
Таъкид шудаст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории ҷониби эронӣ баён доштаанд.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар ояндаи наздик барои муаррифии имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баргузории ҷаласаро тавассути видеоконфронс барпо менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ афзуд, Душанбею Теҳрон омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намудаанд.