Украина аз вокуниши ногаҳонии ИМА ба даҳшат афтод

Сарнавишти Украина аз интихоботи Конгресси ИМА вобаста аст: агар ҷумҳурихоҳон пирӯз шаванд, кумак ба ин кишвар метавонад ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Украина аз ҳушдори ахири мақомоти ИМА ба даҳшат афтоданд. Дар ин бора, Financial Times хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, раҳбари ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Кевин Маккарти гуфт, ки пуштибонии Вашингтон аз Киев пас аз интихоботи миёндавраӣ дар ин кишвар метавонад башиддат коҳиш ёбад.
"Рости гап, мо аз шунидани ин эродҳои ҷаноби Маккарти ба ҳайрат афтодем", - гуфт Давид Арахамия, раҳбари ҳазби "Хизматгори мардум" дар Верховная Рада.
Изҳороти мансабдори амрикоӣ сиёсатмадори украиниро ҳайратзада кард: ӯ дар ҷараёни сафари ахираш ба Вашингтон бо Маккарти мулоқот кард ва боварӣ дошт, ки онҳо минбаъд низ ба Киев кумак хоҳанд кард.
Як рисолат, Иттиҳодияи Аврупоро ба як тарафи низоъ табдил медиҳад: кадом
Бо вуҷуди ин, Украина ба "дастгирии доимӣ" аз Иёлоти Муттаҳида умед мебандад, гуфт дар навбати худ Олег Николенко, намояндаи Вазорати хориҷаи ин кишвар.
Нашрия ёдовар шуд, ки интихобот дар Конгресси ИМА дар авоили моҳи ноябр баргузор мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, ҷумҳурихоҳон пирӯз хоҳанд шуд. Бо ин натиҷа, Маккарти курсии раиси палатаи намояндагонро ишғол мекунад.
WSJ: Украина амнияти Амрикоро зери хатар гузоштааст
Вай таъкид кард, ки кумак ба Украина муҳим аст, аммо ин кишвар набояд ба пуштибонии номаҳдуди Вошингтон умед набандад.