ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Новобаста аз тавофуқоти ҳосилшуда,, ходимони сиёсӣ ва низомии Қирғизистон муроҷиатҳои моҷароҷӯёна мекунанд, мегӯяд, маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд.
"Ходимони сиёсӣ ва низомии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд", - омадааст дар хабарнома.
КДАМ ҶТ аз изҳороти вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ интиқод кардааст, ки гуфт: "байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад буд" ва бояд тарафи сеюм дар ҳалли муноқиша иқдом гирад.
Ба гуфти КДАМ ҶТ изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад.
"Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале, ҳамзамон хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 "Печора-2БМ" харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад", - омадааст дар вокуниш.
Ба қавли КДАМ ҶТ, ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хатти сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад.
Гузашта аз ин, мавқеи узви ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайнкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад.
Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодкан бошад, ба гуфти КДАМ ҶТ рӯирост вайрон кардани банди "е"-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад, таъкид кардааст КДАМ ҶТ.
Дар ин росто, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд даъват мекунад, ки ба паҳн сохтани чунин суханронӣ ва муроҷиатҳои мансабдорон, ки метавонанд мураккабшавии вазъият, душманию бадбиниро байни ду халқ ба вуҷуд оранд, роҳ дода нашавад.