ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии сокинонеро, ки моҳи сентябр дар пайи вуқӯъи муноқишаи марзӣ осеб бардошта буданд шарҳ дод.
Ӯ гуфт, давоми як моҳ бахши аъзами сокинон, ки бар асари даргирии марзӣ бо иллатҳои захмишавӣ бистарӣ шуда буданд, саломатиашон барқарор гардида аз шифохонаҳо рухсат шудаанд.
“Ҳудуди 400 нафар захмӣ гардида буданд. Ба ҳолати имрӯза танҳо 9 нафар аз шумори умумӣ боқӣ мондаанд, ки табобаташон идома дорад. Инҳо 3 нафар дар Шифохонаи шаҳри Исфара, 1 нафар дар Шифохонаи шаҳри Бӯстон ва 5 нафари дигар дар шифохонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ воқеъ дар Хуҷанд дар табобат қарор буда, давоми ду се рӯзи баъд ҳар кадом ба хонаҳояшон рухсат хоҳанд шуд”, - афзуд, Муҳиддинзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 -16 сентябр дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар тиркушоӣ муттаҳам намуданд. Душанбе гуфт, ки Бишкек аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, ки ҳадафи он сокинони осоишта ва иншооти онон буд.
Бино ба оморе, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон нашр намуданд, дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ дар рӯзи 16 сентябр беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо захмӣ барҷой гузошт.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад.
Ахиран дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд.
Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ то ин вақт борҳо боис ба таниш ва тирпаррониҳо шудааст.