Ҳаёти дунявӣ намехоҳанд, зӯрӣ мекунанд: Шарҳи ҳоли занони тоҷики бозгашта аз Сурия ва Ироқ

Додситони кулли Тоҷикистон зимни шарҳи ҳоли занону кӯдакони тоҷики бозгашта аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ изҳор дошт, ки офиятбахшияшон идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Сатҳи ифротигароии бархе аз занони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад, изҳор дошт додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон зимни ҳамоиши зиддитеррористӣ дар Душанбе.
"На ҳамаи занон мехоҳанд ба ҳаёти дунявӣ баргарданд. Баъзан аз ғояҳои экстремистии хушунатомезашон даст намекашанд", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд Тоҷикистон сари офиятбахшӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардондани шаҳрвандони овардашуда аз Сурия ва Ироқ корбарӣ дорад.
Ҳанӯз дар бораи офиятбахшии пурраи онҳо ва баргардондани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ барвақт аст, тавзеҳ дод додситон.
Ӯ таъкид намуд, ки миёни баргардондашудаҳо асосан занону кӯдакони собиқ ҷангиёни "ДОИШ"* мебошанд, дар бисёри ҳолатҳо ғайри иродаи худ ба минтақаҳои ҷанг бурда шудаанд.
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Раҳмон зикр намуд, ки соли 2019 ҳудуди 84 кӯдаку 46 зан ва соли 2022 беш аз 100 кӯдак аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ баргардонда шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.
Ҳамчунин зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд, афзуд ӯ.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия