ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандонашро аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидааст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни як конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм изҳор дошт.
Номбурда қайд кард, ки дар миёни шаҳрвандоне, ки ба Ватан баргаштаанд, занону кӯдакон ва донишҷӯён низ ҳастанд.
Ба андешаи ӯ чунин тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба созмонҳои террористӣ андешида шуданд.
"Бо мақсади пешгирӣ аз шомил шудан ба сафи созмонҳои террористиву ифротӣ беш аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд", - таъкид дошт сарвари давлат.
Раҳмон гуфт, тоҷикони баргардондашуда дар марҳиҳаи муолиҷа ва барқароршавӣ қарор доранд. Кӯмак ба шаҳрвандон аз ҷониби шарикони рушди ҷумҳурӣ меояд, афзуд президент.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе конфронси ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ҷараён дорад.
Дар чорабинӣ вазирон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони кишварҳои узви СММ ва ғайра ширкат доранд.
Натоиҷи ин конфронс тасвиби Эъломияи Душанбе дар заминаи амнияти марзӣ ва назорати марзӣ барои мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон хоҳад буд.