ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Ӯ зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад. Ин тақрибан 60%-и марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
"Дар чунин шароит мо ҷиҳати таҳкими сарҳадот чораҳои зарурӣ андешида истодаем ва тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода додем", - гуфт ӯ.
Раҳмон афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
"Дар ин робита, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ мебошад", - таъкид намуд Раҳмон.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати тақвияти он бениҳоят муҳим аст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи идораи сарҳадот ва мубориза бо терроризм идома дорад.