Омори ҳайратангези террористон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон

Ҷангҷӯён барои анҷоми ҳамалоти пурсарусадои террористӣ бо теъдоди зиёди қурбониён манбаъҳои иловагии маблағгузориро ҷустуҷӯ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Теъдоди аъзои гурӯҳҳои даҳшатафган, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, беш аз 13,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора директори кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (МААТС СҲШ) Руслан Мирзоев изҳор дошт.
Ба қавли ӯ, дар ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон, бидуни шумори ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"*, ки донистани теъдоди дақиқи онҳо номумкин аст, чунин шумори террористон вуҷуд доранд,
Мирзаев иброз дошт, ки роҳи ягонаи мағлуб кардани радикалҳо пешгирӣ аст.
"Муборизаи зӯроварона бо терроризм мисли алафдаравӣ аст - ҳар қадар бештар даравед, ҳамон қадар зиёд мешавад", - таъкид кард ӯ.
Аз ин рӯ, пешгирӣ аз ҷалби аъзои нав ва таъсиси як маркази равонӣ барои мубориза бо ифротгароӣ муҳим аст, шарҳ дод Мирзаев.
Вай зикр кард, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ имкони дубора муттаҳид шудан ва анҷом додани ҳамалоти пурсарусадои террористиро ҷустуҷӯ доранд.
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
"Дар соли 2021 дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ 1500 нафар дар ҷустуҷӯ боздошт шуда, беш аз 40 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шуд. Терроризм ҳарчӣ бештар хусусияти фаъолияти ҷиноии сиёсиро касб мекунад", - хулоса кард Мирзаев зимни конфронси сатҳи баланд дар ин мавзӯъ. "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амният ва идораи марз бо мақсади мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон" дар Душанбе.
* Ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.