Сабаби рушд накардани кинои тоҷик, набуди коргардонҳои ҳирфаӣ ва сармои кофист, мегӯяд Муҳиддини Музаффар, коргардон ва муассиси киностудияи "Суғдсинамо".
Ӯ филми наваш "Фортуна"-ро дар Маскав рӯнамоӣ кард ва зимни як суҳбати вижа бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки кори наваш арзандаи категорияҳои бонуфуз аст, вале бе тарғибу ташвиқи хуб наметавон онро пешкаш карду пул коркард.
"Дар Тоҷикистон мо коргардони хуб надорем, ки тавонад моро на танҳо дар дохили кишвар балки дар дунё муаррифӣ кунад", - афзуд манбаъ.
Ба андешаи вай, набуди толорҳои ягонаи театрҳо низ ба теъдоду шумораи филм таъсир дорад.
Маврид ба зикр аст, ки коргадони ҷавонро мухлисонаш аллакай аз рӯи филмҳои "Коса", "Тангно", "12 соли интизорӣ" ва "Сайёра ранг иваз мекунад", "Один на миллион " (Аз миллион яке) хуб мешиносанд.
Дар бораи дигар мушкилоти кинои тоҷик, нозукиҳои кор дар театр ва кино бештар донистан хоҳед, видеои моро бубинед.