ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Тамриноти муштараки низомии нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" ахиран дар қаламрави Тоҷикистон оғоз шуд, хабар медиҳад маркази матбуъотии тамриноти муштараки СПАД.
"Имрӯз дар Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" марҳилаи фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" оғоз шуд", - омадааст дар хабар.
Дар маросими ифтитоҳи тамринҳо сардори Ситод генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, сардори ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров, муовини дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар ин маросим намояндагони қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои минтакаи Осиёи Миёнаи амнияти коллективии СПАД низ ҳузур доштанд.
Бахши умдаи нерӯҳои Русияро дар ин тамринҳо хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар ташкил медиҳанд. Дар машқҳо ҳудуди 1000 нафар ва беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро иштирок доранд. Ҳадафи ин машқҳо аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шартӣ мебошад, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД ворид шудаанд.
“Воҳидҳо вазифаҳои махсус дар бораи ба рафъи сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ, озод кардани объектҳои забтшуда, гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус дар барқарорсозии қитъаи сарҳади давлатиро иҷро мекунанд”, - гуфт Сидоров.