Мақомоти Хатлон аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод

Мақомоти Хатлон таъкид кардааст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ роҳбарият ва кишоварзони вилолят чораҳо меандешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Кишоварзони вилоят барои таъмини амнияти озуқавории кишвар, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот қадамҳои устувор гузоштаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 17,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон манбаъ хабр додааст, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 896936 тонна ғалладона, 202077 тонна картошка, 1363728 тонна сабзавот, 200157 тонна мевагиҳо, 101823 тонна ангур ва 603265 тонна полезиҳо истеҳсол гардидааст.
Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод
Зикр гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47810,6 тонна ғалладона, 63598,1 тонна сабзавот, 31181,2 тонна полезиҳо, 18817,7 тонна мевагиҳо ва 11171,1 тонна ангур зиёд мебошад.
Ҳамчунин мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, дар бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.