Таъйиноту барканориҳо дар Тоҷикистон: Писари муҳофизи президент мақоми нав гирифт - акс

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молияи кишвар афроди ҷадидро таъйин намуду бархеро бозхонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молия 3 нафари навро таъйин кард.
Бар асоси қарори ҳукумат, аз ҷумла Саидзода Дилшод Мурод ба ҳайси узви нави ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ таъйин гардид. Дилшод Саидзодаи 32-сола писари генерал Мурод Саидов мебошад, ки тайи қариб 30 соли охир муҳофизи рақами 1-и Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дилшод Саидзода дар интихоботи парлумонии соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии №4-и ноҳияи Шоҳмансур вакили Маҷлиси вакилони халқии Душанбе интихоб гардида, дар мақоми сардори Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон фаъолият дорад.
Саидзода Дилшод Мурод начальник государственного пробирного надзора
Дар баробари Саидзода ҳамчунин Азимӣ Заъфари Исмоил ва Завқибек Шодиён аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати молия таъйин шудаанд.
Азимӣ Заъфар Исмоил, собиқ мақомдори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мебошад, ки баъди барканорӣ аз ин ниҳод ба кор дар мақомоти молия пардохт.
Завқибек Шодиён собиқ мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон мебошад, ки баъдан ба роҳбарии Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳо дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Дар зимн бо қарори ҳукумат аз ҳайати мушовараи Вазорати молияи Тоҷикистон Назулло Абибуллоев, Файзалӣ Сафаров ва Афғонов Темуралӣ берун карда шуданд.