ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ боздошт карда шуд, хабар дод мақомоти умури дохилии вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, асосан пулҳои тақаллубӣ 50-сомониҳое будаанд, ки хеле монандӣ ба асл доштаанд.
"Дастгиршуда 90 ҳазор сомонии қалбакиро, ки ҳамагӣ купюраҳои 50-сомонӣ буд, ба муомилот баровардаст", - афзуд мақомоти умури дохилӣ.
Тавзеҳ дода шудааст, ки муттаҳам пулҳои қалбакиро барои харидории мошину чорво истифода мекардааст. Мақомот мегӯянд, барои анҷоми додугирифт махсусан вақти муайян интихоб мекардаст.
Таъкид гардидаст, ки айбдоршаванда пулҳои қалбакиро асосан шомгоҳону шабона ба муомилот мебаровардааст, то амали сохтакорияш ошкор нашавад.
Мақомот мегӯянд, алайҳи ӯ бо моддаи 281-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, ки он аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои ба муомилот баровардани доллару евроҳои қалбакӣ гузориш дода буд.
Дар зимн мақомот аз сокинони кишвар хостанд, ҳангоми додугирифти пулӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ борҳо аз ошкорсозии чунин ҳолатҳо гузориш дода буданд.