Дар ВМКБ корхонаву коргоҳҳои саноатӣ кушода шуданд

Дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуда, дар кишвар стратегияи миллӣ – индустрикунонии ҷумҳурӣ амалӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора зимни машварати васеи назди раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот зикр гардид, менависад оҷонсии "Ховар".
Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нуҳ моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, корхонаву коргоҳҳои навбунёд 216 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Алишер Мирзонабот: Марҳилаи нави рушди Бадахшон оғоз шуд
Манбаъ афзуда, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Ҳамзамон дар ин корхонаҳо бояд 407 нафар ба кор ҷалб шаванд.
Илова бар ин, барои дар панҷ соли оянда таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор дар ҳудуди вилоят бунёди 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.