ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тақрибан 73% тамоми қарзҳои музди меҳнат дар вилояти Суғд ба бахши воқеии иқтисод рост меояд.
Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки соли равон дар вилояти Суғд музди миёнаи моҳонаи номиналӣ (ҳисобшуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2022 1578,22 сомониро ташкил додааст.
Дар баробари ин, пардохт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои қаблӣ дар охири моҳи августи соли 2022 ба беш аз 19,6 миллион сомонӣ расид.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ-август қарз 752,2 ҳазор сомонӣ ё 3,8%-и ҳаҷми умумии қарзро ташкил дод.
Қарз аз ҳама бештар дар бахши истихроҷи маъдан боқӣ монда, 14 миллиону 348,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 73 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин додани музди мехнат дар бахшҳои обрасонӣ, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуЮм — 2,6 миллион ё худ 13,6%, дар хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ — 270 ҳазор сомонӣ ё 1,4% кашол ёфт.