Раҳмон аз имкониятҳои истифоданашуда ва хатарҳо дар ИДМ гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва энергетика гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар доираи ИДМ барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд, зарур хонд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номид.
"Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 - 2025 ҷонибдор аст", - изҳор дошт президенти ҶТ.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз натиҷаҳои се даҳсола дар доираи иттиҳод, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд.
"Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд", - гуфт ӯ.
Путин пешниҳод кард, ки соли 2025 дар ИДМ соли мубориза бо миллатгароён эълон шавад
Вай ҳамчунин аз пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо изҳори назар кард.