Путин раҳбарони ИДМ-ро ба нишасти нав даъват кард

Раисиҷумҳури Русия ҳамтоёни худро ба нишасти нави сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар чаҳорчӯби як нишасти ғайрирасмӣ баргузор мешавад, даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раҳбарони кишварҳои ИДМ-ро ба нишасти ғайрирасмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват кард.
Дар ин бора дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Қазоқистон маълум шуд. Гуфта мешавад, ки мулоқоти навбатӣ охири соли 2022 дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Ӯ ба ҳама барои пуштибонӣ аз ташаббуси Русия дар бораи пойтахти фарҳангӣ эълон шудани Санкт-Петербург дар соли оянда изҳори сипос кард.
Тағйирот дар роҳбарияти ИДМ: Путин боз номзадии Лебедевро пешниҳод кард
"Ман ва ҳамкасбонам аллакай гуфтугӯ кардем: дар арафаи соли 2023 дар пойтахти фарҳангии оянда мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кардан мумкин аст. <...> Ман ҳамаро бо хушнудӣ даъват мекунам", - гуфт раҳбари Русия.
Маврид ба зикр аст, ки давоми сол чун қоида як ҷаласаи навбатӣ ва як ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Соли 2022 нишасти ғайрирасмии ИДМ рӯзи 7 октябр баргузор шуд, ки Путин ҳамкасбони худро дар Қасри Константиновский дар наздикии Санкт-Петербург ба ҳузур пазируфт ва 14 октябр дар Остона нишасти расмии ИДМ оғоз шуд.