ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тамоми чорабиноҳо роҷеъ ба басиҷӣ нисбӣ дар давоми ду ҳафтаи дигар анҷом меёбанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба суолҳои хабарнигорон дар пайи сафари худ ба Остона.
Раҳбари Русия гуфт, ки аз 300 ҳазор нафаре, ки бояд даъват мешуд аллакай 222 ҳазор нафар ба сафи артиш даъват шудаанд.
"Замоне ки ин чорабиниҳои басиҷӣ нисбӣ оғоз ёфтанд, танҳо пас аз он маълум шуд, ки сифати он чӣ гуна аст. Ин пойгоҳи иттилоотӣ ҳоло дар шакли муоссир мегираду тағйир меёбад ва он ба қадри имкон боэътимод хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки сифат бояд беҳтар шавад, ҳарчанд бояд бигӯям, ки аллакай тамом шудааст”
Вай афзуд, ки барои афзоиши шумори сафарбаршудагон аз вазорати дифоъ пешниҳод нагирифтааст.
Ҳамзамон Владимир Путин талаб кард, ки нафарони басиҷшуда бояд омода шаванд ва таълим бигиранд.
Ҳама шаҳрвандоне, ки ба басиҷи нисбӣ даъват шудаанд, бояд омода бошанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар доираи сафарбаркунӣ даъват шудаанд, бояд таълим гиранд шаванд", - гуфт Путин
Бо фармони президенти Русия Владимир Путин аз 21 сентябри соли равон дар Русия басиҷи нисбӣ эълон шудааст. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифоъ, ин иқдом барои назорати 1000-километри хати ҷанг ва манотиқи озодшуда дар Украина лозим аст. Дар рафти басиҷи нисбӣ дар маҷмӯъ 300 ҳазор нафар ба сафи артиш даъват карда мешаванд.