Аз гузариш ба пули миллӣ ва ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ: Путин ба сарони ИДМ чӣ гуфт?

Раисҷумҳури Русия ҳадафи сарони кишварҳои узви ИДМ-ро таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сарони кишварҳои ИДМ як қатор санадҳои муҳимеро, ки ба таҳкими ҳамгироии кишварҳо дар бахшҳои мухталиф равона шудаанд, қабул хоҳанд кард.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Остона баён дошт.
Вай афзуд, ҳамаи асноди ҷадиди қабулгардида ба татбиқи консепсияи рушди ИДМ ва Стратегияи рушди иқтисодӣ то соли 2023 мувофиқат мекунад.
Амнияту масоили гуманитарӣ: Роҳбарони ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд - видео
Путин афзуд, ки дар ниҳояти кор ширкаткунандагон ҳадафи таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башариро дар заминаи ИДМ доранд.
Вай аз ҷумла дастовардҳое дар бахши иқтисодиро ном бурд, ки табодули коло бо кишварҳои ИДМ ҳатто дар пасманзари таҳримҳо тавсеа ёфта, гардиши мол дар нимсолаи аввал 7% афзоиш ёфтааст.
"Табодули иқтисодии мо бо кишварҳои ИДМ дар вақтҳои охир пайваста тавсеа меёбад. Соли гузашта додугирифти Русия бо кишварҳои муштаракулманофеъ беш аз 30% ва дар нимаи аввали соли ҷорӣ 7% афзоиш ёфтааст", - изҳор дошт ӯ.
Илова бар ин, ба гуфтаи раҳбари Русия, барои гузаштан ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила талошҳои ҷиддие сурат мегиранд.
Вай қайд кард, ки дар замони мавҷудияти Иттиҳод кишварҳо тавонистаанд дар баъзе соҳаҳо робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба роҳ монанд. Инчунин афзоиши таваҷҷӯҳи тарафайн ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёти сабз, рақамикунонӣ, инноватсия ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ