Амнияту масоили гуманитарӣ: Роҳбарони ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд - видео

Раисҷумҳури Қазоқистон зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бархе масоили мавриди баррасии роҳбаронро ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Остона оғоз гардид, ки дар он масоили муҳими минтақавӣ баррасӣ мешаванд.
Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни ифтитоҳи ҷаласа изҳор дошт, ки масоили муҳиме ба баррасии президентҳо гузошта шудаанд.

"Имрӯз ба баррасии сарони давлатҳо масъалаҳои муҳим, аз қабили шарикии башардӯстона, амният ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои мо пешниҳод карда мешаванд", - гуфт Тоқаев.

Вай дар идома аз ҳузури раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов истиқбол кард, ки бори аввал дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ иштирок дорад.
Интизор меравад, ки нахуст роҳбарони давлатҳои ИДМ дар ҳайати маҳдуд мулоқот кунанд. Сипас идомаи нишаст бо ҳайатҳои васеи кишварҳои узв дар назар аст.
Дар ҳайати маҳдуд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок доранд.
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
Ин дар ҳолест, ки давоми рӯз ҳамчунин нишасти сарони "Русия ва Осиёи Марказӣ" низ дар назар аст.
Дар ин мулоқот президенти Русия бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳад кард.