Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео

Пеш аз оғози мулоқоти сеҷониба руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти ҳамдигарро нафишурданд ва зуд ба курсиҳои худ нишастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Содир Ҷабборов қабл аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин, дасти ҳамдигарро нафишурданд. Ин лаҳза дар видео сабт шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна раҳбарони кишварҳо ва дипломатҳо дар сари мизи гирд ҷамъ меоянд. Путин, Ҷабборов, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва дигар мақомоти давлатӣ аллакай дар толор ҳузур доштанд.
Навор аз лаҳзаи оғоз мешавад Эмомалӣ Раҳмон ба назди мез меояд. Раҳбари Тоҷикистон ба назди курсии худ меравад ва бо Владимир Путин салом мекунаду ба курсии худ мешинад.
Ёдовар мешавем, ки руасои ҷумҳури се кишвар дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона гуфтугӯ карданд.
Яке аз мавзуъҳои аслии музокироти се роҳбари кишвар авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Путин қабл аз мулоқот гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони наздики Русия ҳастанд.
"Мо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ хеле ҳамкории зич дорем ва албатта шарикони стратегӣ ҳастем. Бояд гуфт, ки як миллион шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Ва ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", гуфт Владимир Путин.
Ба гуфтаи оқои Путин, гардиши мол миёни давлатҳо афзоиш ёфтааст.
Кисми дигари гуфтушунид бе иштироки намояндагони матбуот гузашт.