ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, дидори ҷонибҳо дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона доир гашт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ изҳори назар кардаанд.
Ҳамчунон қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ аз мавзуои калидии дидори ҷонибҳо будааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон хостори ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон шудаанд.
Рашмон ва Шариф инчунин таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур шумурдаанд.
Дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима кардаанд.
Президенти инчунин аз сарвазири Покистон даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.