Раҳбари толибон: Давлати холис исломӣ барпо мекунем

Раҳбари толибон дар паёми сабтиии ахираш, ки расонаӣ шуд аз эҷоди як давлати холиси исломӣ дар қаламрави Афғонистони таъкид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Муло Ҳибатуллоҳ Охундзода қайд кардааст, ки дар масири таҳаққуқи чунин давлати холис исломӣ дар Афғонистон ҳар гунаи фишорро таҳаммул хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин паёми савтии мансуб ба раҳбари толибон, ки рӯзи ахиран дар шабакаҳои иҷтимои нашр шудааст, Муллои Ҳибатуллоҳ Охундзода гуфтааст, ки қавонин ва лавоеҳи ғайришаръӣ нофиз дар бист соли гузашта дар Афғонистон лағв мешавад.
Раҳбари толибон меафзояд: тамоми қавонин ва лавоеҳи кории вазоратхонаҳоро хоста ва бо уламо шарик кардааст.
Мулло Ҳибатуллоҳ ҳамчунин аз таъомул бо ҷаҳон сухан гуфта, аммо таъкид карда аст, ки ин таъомул наметавонад бо шариъат мухолиф бошад.
Путин гуфт, ҳукумати нави Афғонистон қодир ба ҳалли мушкилоти терроризм нест
Ин дар олест, ки ҳануз маълум нест ки раҳбари толибони ин изҳоротро дар куҷо матраҳ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.