Путин хостори истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ шуд ва шарҳ дод, ки чаро

Раисҷумҳури Русия кишварҳои Осиёро ба истифодаи муассиртари асъорҳои миллӣ даъват кард, ки соҳибихтиёрии кишварҳоро таҳким мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Истифода аз асъорҳои миллӣ ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо мусоидат мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни таъкид бар зарурати истифодаи фаъолтари пули миллӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила миёни кишварҳо таъкид кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар нишасти Остона пешниҳод кард, ки принсипҳои низоми ҷаҳонии молӣ бознигарӣ шавад, ки “даҳсолаҳо бо истилоҳи худхондаи “миллиардҳои тиллоӣ”... аз ҳисоби каси дигар зиндагӣ доранд”.
"Ҳамчун қадами аввал мо мебинем, ки пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила фаъолонатар истифода мешавад", - гуфт Путин.
Путин аз суди гузариш ба пули миллӣ дар доираи ИДМ гуфт
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии минтақавӣ мусоидат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан президенти Русия дар ин бора зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ низ ишора карда гуфта буд, ки ин амал ҳеч ангезаи сиёсӣ надошта, ҳамгироиро такон мебахшад.
"Аслан ин корро солҳост, ки анҷом медиҳем ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳеч ангезаи сиёсие рабт надорад. Ин ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳои мо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт Путин.