ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки шуморе афғонҳое, ки то кунун ба Канада расидаанд ба 21 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст бахши дарии сомонаи "Pars Today".
Канада соли гузашта эълом кард, ки 40 ҳазор афғон дар маърази хатарро мепазирад.
Ин кишвар ду ҳафта пеш низ 300 паноҳҷуии афғонро аз Тоҷикистон интиқол додааст.
Канада дар моҳҳои ахир раванди интиқоли паноҳҷуёни афғон ба ин кишварро афзоиш додааст.
Шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон, ки дар пай рӯйи кор омадани толибон маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд, дар кишварҳои дигаре дар интизори интиқол ба Амрико ва аврупо ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди паноҳҷӯёни афғонро зиёда аз 15 ҳазор нафар шумурда буданд.
Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", дар моҳи августи имсол, ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, фирор карданд.