Душанбе барои нахустин бор мизбони мусобиқаи байналмилалии ҷудо Гран-При мешавад

Корҳои ташкилӣ оид ба баргузории мусобиқа аллакай оғоз шудааст: Гран-при Душанбе бо ташаббуси шаҳрдории пойтахт бояд соли оянда баргузор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон бори нахуст мусобиқаи ҷудо Гран-при баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.
Гуфта мешавад, ки баргузории як мусобиқаи бузург бо ташаббуси раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо сурат гирифтааст.
Дар назар аст, ки ҷорабиниҳо дар соли 2023 баргузор шаванд.
"Рӯзҳои наздик гуфтушунидҳо доир гардида, созишнома дар бораи баргузории мусобиқа ба имзо мерасад", - гуфт манбаъ.
Илова бар ин, аллакай корҳои дигар барои баргузории мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо дар Тоҷикистон оғоз шудааст.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи қаблии Гран При - 2022 дар Загреб баргузор шуда буд, ки он якбора 8 нафар варзишгарони тоҷик ширкат карданд.
Киҳо соҳиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо шуданд?
Бо вуҷуди талошҳо варзишгарони Тоҷикистон, натавонистанд дар мусобиқоти байналмилалӣ медал ба даст оранд, ҳарчанд бачаҳо тамоми имкони ғолибиятро доштанд.
Ҷудочиён имкон доштанд, ки имтиёзҳои олимпиро, ки барои ҷойи аввал – 700, барои дуюм – 490 ва барои ҷойи сеюм – 350 холро пешбинӣ мекунад, бигиранд, аммо нашуд.