Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар бораи баҳсҳои марзӣ ба чӣ тавофуқ расиданд?

Сарони кишварҳои Русия Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз музокироти сеҷониба ба мувофиқа расиданд, ки мушкилотро танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия аз ин ва баъд масъалаҳои марзӣро танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ ҳал хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ин масъала дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар мулоқоти сеҷонибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо ташаббуси ҷониби Русия баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот сарони давлатҳо дар бораи масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Раҳмону Ҷабборов пеш аз дидор бо Путин дасти ҳамдигарро нафишурданд – видео
Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳои делиметатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон дар бораи делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки руасои ҷумҳури се кишвар дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона гуфтугӯ карданд.
Путин мулоқот бо Раҳмон ва Ҷабборовро оғоз кард: видео
Яке аз мавзуъҳои аслии музокироти се роҳбари кишвар авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Путин қабл аз мулоқот гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон шарикони наздики Русия ҳастанд.
"Мо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ хеле ҳамкории зич дорем ва албатта шарикони стратегӣ ҳастем. Бояд гуфт, ки як миллион шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Ва ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд", гуфт Владимир Путин.