Зиёфати ғайрирасмӣ барои Лукашенко дар Душанбе: Чашиду баҳо дод - аксҳо

Меваю таомҳое, ки дар шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи президенти Белорус дар Душанбе пешниҳод шуданд, ба меҳмон писанд омадаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ташрифи расмии президенти Беларус Александр Лукашенко дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ зиёфати ғайрирасмӣ орост.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри гузориши аксӣ хабар дода, афзуд, ин чорабинӣ бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Манбаъ афзуд, ки президентҳо дар бӯстонсаройи ҳукумати Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.
1 / 5
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
2 / 5
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
3 / 5
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
4 / 5
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
5 / 5
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
"Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд", - омадааст дар иттилоия.
Имзои даҳ санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус
Таъкид гардидаст, ки меҳмони воломақом ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошташуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуда ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд дод.
Манбаъ афзуд, Лукашенко ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаст.