ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон амалиёт таҳти унвони "Нелегал-2022" роҳандозӣ гардидаст, ки то 17 октябри соли равон идома хоҳад кард.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин чорабинӣ дар Хатлон мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронда мешавад.
"Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки "Нелегал" гузаронида мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ин робита фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабул шуда, амалиёт дар 2 марҳила гузаронда мешавад.
Зикр гардидаст, ки феълан марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал-Кордон" роҳандозӣ гардидаст.
ВУД таъкид намудаст, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ шомил гаштаву ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешаванд.
Дар баробари ин муҳим хонда шудаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ талаботи қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя кунанд, чун ҳар кишвар барои қабул, сабт назорат ва баҳисобгирӣ, раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тартибу низоми худро дорад.