“Аввал об баъд биринҷ”: Лукашенко сири пухтани оши палави тоҷикиро омӯхт – видео

Раҳмон ба Лукашенко қароргоҳи пур аз меваҳои гуногун пухтани хӯроки тоҷикро намоиш дод ва сири пӯхтани оши палавро ба ӯ ошкор кард
Sputnik
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар ҷараёни сафари кориаш ба Душанбе имкон пайдо кард ба сири ошпазӣ – хӯроки миллии тоҷикӣ ошнои пайдо кунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,барои оқои Лукашенко “Шоми дӯстӣ” баргузор кард, ки дар он ду роҳбар на танҳо тавонистаанд дар атрофи қароргоҳи кишвардори Тоҷикистон сайру гашт кунанд, балки чӣ гуна омода намудани хӯроки тоҷикиро низ тамошо кунанд.
Дӯстӣ дар бозор: Лукашенко гуфт, чиро метавонад ба Тоҷикистон фурӯшаду чиро харад - видео
Ҳамин тавр, Лукашенко аз ошпаз раванди пухтани оши палави тоҷикӣ пурсон кард. Ба ӯ пайдарпайии омода кардани оши палавро нақл карданд.
Лукашенко дар мусоҳиба бо ошпаз гуфт: "Аввал об, баъд биринҷ? Ман биринҷ ва сипас об илова мекардам".
Зиёфати ғайрирасмӣ барои Лукашенко дар Душанбе: Чашиду баҳо дод - аксҳо
Пас аз ин роҳбари Беларус талош кард, ки биринҷро бо дастони худаш дар деги калон тақсим кунад. Ӯ ҳамчунин дид, ки дар танӯр чӣ гуна кулчаи мепазанд.