ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Душанбею Минск зарфияти зиёди истифоданашуда дар самти додугирифти молро доранд ва ҳамчунин метавонанд аз тариқи қаламрави ҳамдигар ба бозори кишварҳои сеюм роҳ ёбанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко зимни мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар Душанбе изҳори назар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус, Лукашенко гуфт, кишвараш молҳои зиёде дорад, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад.
"Мо маҳсулоти шуморо, ки барои содирот омода ҳастед, бо майли зиёд мехарем: ин пахта, металл ва маҳсулоти кишоварзӣ аст. Ва шумо ба харидани молҳои тавлидкардаи мо - аз ғизо, сару либос, мошину таҷҳизот, лифтҳо, автобусҳо, троллейбусҳо манфиатдоред", - қайд кард президент.
Ба гуфтаи Лукашенко ҷаҳони муосир хусусиятҳои бозорро ошкор кард ва барои эътимоднокӣ таҳкими додугирифтро муҳим хонд.
"Ҷаҳон ба мо нишон дод, ки бозор чӣ аст. Мо аллакай дидем. Аз ин рӯ, агар дӯст бошем, агар дар муносибатҳо мушкиле надорем, ба тиҷорат низ ниёз дорем. Мо бояд табодули молҳоро таҳким бахшем, то тиҷорат назаррас бошад"- изҳор дошт ӯ.
Вай азми ташкили корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла истеҳсоли муштараки қолинҳоро зикр намуд.
"Мо дар ин ҷо рақобат эҷод намекунем. Мо бояд ин бозорро якҷоя ишғол кунем. Биёед якҷоя кор кунем, бахусус, ки мардуми шумо бо ин кор ошно ҳастанд", - гуфт президент.
Президенти Беларус дар робита ба рушди энергетика дар Тоҷикистон гуфтаст, ки кишвар барқи тоза ва ояндаи бузург дорад.
Сарвазири Тоҷикистон аз эътимоднокии ҷониби Белорус зикр намуда, бо зикри зарурати таҳкими ҳамкориҳо муҳим хондаст, ки якҷоя вориди бозори кишварҳои сеюм шаванд.