Бунёди 130 корхонаву коргоҳи нав дар вилояти Суғд дар давоми нӯҳ моҳ

Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар соли равон бахши саноати вилоят ба натиҷаҳои назарррасе расидааст ва ин соҳа дар ҳоли рушд қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо 2904 ҷойи нави корӣ, пешбинӣ гардидааст, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои мақомоти Суғд, дар давоми 9 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 130 корхонаву коргоҳи нав, бо 2685 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Таъкид шудааст, ки дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ, бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ, таъсис дода шуд.
Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 220,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳоли ҳозир, дар вилоят фаъолияти 10 корхонаву коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст.