Намешуд тоҷиконро намонему дигарон биёянд: Қирғизистон лағви машқҳои СААД-ро шарҳ дод

Намояндаи Девони вазирони Қирғизистон лағви размоиши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба адами хоҳиши дидани нерӯҳои Тоҷикистон дар қаламрави худ рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қирғизистон бо СААД мушкиле надорад, сабаби лағви размоишҳои ин созмон аз ҷониби Бишкек даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон мебошанд.
Ин нуктаро муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов ба РИА "Новости" баён дошта, таъкид намудаст, ки Бишкек мушкиле бо узвият, рисолат ва оинномаи созмон надорад.
"Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфт ӯ.
Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд.
"Намешуд, гӯем шумо наоеду қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед. Бинобар ин маҷбур шудем, лағв кунем", - гуфт Байсалов.
Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Гуруҳи кории марзии Қирғизистон дар Тоҷикистон: Тошиев гуфт, чаро ба ин сафар розигӣ дод
Мақомдори қирғиз бо нигаронӣ аз тафсиру тахминҳои нодурусти ин иқдом, аз нақши Русия дар Осиёи Марказӣ тавсиф кардаст, ки дар муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии ҳарду давлат хеле муҳим аст.
Маврид ба зикр аст, ки Бишкек ахиран машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД-ро бекор кард, ки дар он иштироки низомиёни Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд.
Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд.