Тафсилоти барномаи сафари Лукашенко дар Душанбе маълум шуд

Раисҷумҳури Белорус, ки феълан дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дорад, дар давоми ду рӯзи оянда дар шаҳри Душанбе таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко бо як сафари расмӣ озими Тоҷикистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус хабар дода, афзуд, ҳавопаймои роҳбари давлат субҳи 11 октябр аз Фурудгоҳи миллии Минск ба самти Душанбе парвоз кард.
Дафтари матбуотии президенти Белорус ҳамчунин бархе тафсилот дар бораи барномаи кории дурӯзааш дар Тоҷикистонро ироа кардаст.
Манбаъ таъкид кард, ки 11 октябр нахуст Александр Лукашенко бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунад. Музокироти ҷонибҳо дар ҳайати маҳдуд ва сипас дар доираи васеъ сурат мегирад.
"Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои ҷорӣ ва ояндаро баррасӣ хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар пайи музокирот ба имзо расондани як баста санадҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Дар рӯзи дуввуми сафар, 12 октябр, Александр Лукашенко дар пойтахти Тоҷикистон низ чанд дидор бо мақомдорони сатҳи гуногун анҷом хоҳад дод.
Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус мешавад
Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Лукашенко дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор шуда, намоишгоҳи маҳсулоти белорусӣ, таҳти унвони "Made in Belarus" сурат мегирад.