Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хоҳиш кард Украинаро тарк кунанд

Сафоарти Тоҷикистон дар Киев аз шаҳвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар сурати пеш омадани имконият қаламрави ин Укринаро тарк намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба Украина худдорӣ намоянд ва аз шаҳрвандоне, ки ҳоло дар ин кишвар ҳузур доранд дар сурати пеш омадани имконият қаламрави ин кишварро тарк намоянд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар додааст.
“Дар робита ба шиддат гирифтани ҳамлаҳо ба инфрасохторҳои муҳим дар саросари Украина ва таҳдид ба амнияти шахсӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки то мӯътадил шудани вазъият аз сафар ба Украина худдорӣ кунанд” – таъкид кардааст сафорат.
Ҳамзамон сафорат илова кардааст, ки шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар қаламрави Украина қарор доранд, тавсия дода мешавад, то талаботи риояи ҳолати ҳарбӣ, инчунин дастури роҳбарияти мақомоти маҳаллиро роҷеъ ба таъмини амнияти шахсӣ қатъиян риоя намоянд,ботаҳаммул бошанд, дар сурати пеш омадани имконият қаламрави Украинаро тарк кунанд.
Даъвати Ӯзбекистон аз шаҳрвандонаш: Украинаро фавран тарк кунанд
Ёдовар мешавем, ки то оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, дар ҳашт моҳи пеш, чаҳор ҳазор тоҷикистонӣ дар гӯшаҳои гуногуни Украина таҳсилу кору зиндагӣ мекарданд.
Пас аз шурӯи амалиёти вижа садҳо нафари онҳо тавассути Лаҳистон (Полша) ба кишварҳои дигари аврупоӣ рафтанд ва ё ба Тоҷикистон баргаштанд. Баъзеи дигар, бахусус мардон, дар Киев ва минтақаҳои дигари Украина мондаанд.