ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенкоро дар фурудгоҳи Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Бар асоси дафтари матбуоти раисҷумҳури Беларус, аллакай дар фурудгоҳ Лукашенко ва Расулзода музокироти кӯтоҳ анҷом доданд. Президенти Беларус дар маросими пазироӣ изҳор доштаст, ки "чун ба хонаи худ" омадаст.
Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хос бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, ҳамчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои ҷорӣ ва ояндаро баррасӣ хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки дар пайи музокирот ба имзо расондани як баста санадҳои байналмилалӣ дар назар аст.
Инчунин мулоқоти алоҳидаи президенти Белорус бо сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба нақша гирифта шудаст.
Сафари расмии мазкур давоми 2 рӯз - 11 ва 12 октябр давом хоҳад кард.
Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Лукашенко дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор шуда, намоишгоҳи маҳсулоти белорусӣ, таҳти унвони "Made in Belarus" сурат мегирад.