Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус мешавад

Дар доираи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус намояндагони бахши соҳибкории ду кишвар роҳҳои ҳамкорӣ ва роҳандозии тавлидоти муштаракро баррасӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳамоиши соҳибкорон дар доираи сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Беларус таҳти унвони "Made in Belarus" дар назар аст.
Соҳибкорони Тоҷикистону Беларус ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла мулоқотҳо дар сиғаи B2B дар назар гирифта шудаанд.
Фаъолсозии корхонаи тавлиди лифтҳои беларусӣ дар Хуҷанд
Ташаббускори ин чорабинӣ палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ арзёбӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Беларус рӯзи 11 октябр бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Зимни ин сафар мулоқоти як ба яки Александр Лукашенко бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ҳамчунин мулоқот дар ҳайати васеъ имзои бастаи санадҳои байниҳукуматӣ дар назар мебошанд.